Хабарҳо
Ҳимояи навбатӣ дар самти илми ҳуқуқшиносӣ
Санаи 4-уми феврали соли 2023 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Салоҳиддин Миралиев, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ диссертатсияи номзадиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.08 - Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) дар мавзуи “Таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст (масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ) таҳти роҳбарии Тақдиршоҳ Шарипов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДМТ бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мо аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин дастоварди Салоҳиддин Миралиевро муборакбод гуфта, барояш муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода