Хабарҳо
Пешрафти илм аз ҳар як омӯзгори донишгоҳ вобаста аст!
Дар асоси таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва унвондор имрӯзҳо дар ДДМИТ чораҳои мушаххас андешида мешавад. Бо ин мақсад, санаи 9-уми феврали соли равон вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо докторантон, унвонҷӯён ва аспирантон баргузор гардид.
Айни замон дар донишгоҳ 19 доктори илм, 140 номзади илм, 214 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ, 373 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд.
Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати докторантон, унвонҷӯён ва аспирантон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
- Мо барои унвонҷӯён дар донишгоҳ тамоми шароитҳоро фароҳам овардаем. Унвонҷӯён аз имтиёзҳои гуногун бархурдор буда, барои пешравии корашон ягон монеае вуҷуд надорад. Мудирони кафедраҳоро зарур аст, ки вақтро самаранок истифода бурда, иҷроиши нақшаҳои инфиродии докторантон, унвонҷӯён ва аспирантонро зери назорати қатъӣ гиранд, - иброз дошт ректор.
Дар вохӯрӣ профессор, раиси Шурои диссертатсионии назди донишгоҳ, Ҳамидулло Фақиров, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров оид ба унсурҳои ҳимоя кардан, кумак ба ҳимоякунандагон, интихоби дурусти мавзуъҳо пешниҳодҳои судманд намуданд. Қайд карда шуд, ки донишгоҳ муассисаи илмӣ аст, вақте инсоне, ки ин маконро интихоб мекунад, ӯ роҳи илмро интихоб мекунад.
Бо таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди ДДМИТ шароит фароҳам омад, ки устодон, унвонҷӯён ва докторантон дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Докторантон, унвонҷӯён ва аспирантони донишгоҳро зарур аст барои мутахассиси унвондор шудан бо истифода аз тамоми шароиту имкониятҳои дар донишгоҳ мавҷудбуда масъулияти бештар ҳис намоянд.
Тағоймурод Эшзода