Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бозтоби масъалаҳои миллии рушд дар Паём

Бозтоби масъалаҳои миллии рушд дар Паём

Санаи 10 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ миёни донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-уми факултет дарси сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Василаҳои муосири ташаккулдиҳии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи густариши низоми қонунгузории миллӣ» баргузор гардид. 
Декани факултет Д.Хоҷазода дар ифтитоҳи дарс қайд намуд, ки дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд ин волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад. 
Ҷ.Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зидикоррупсионӣ иброз дошт, ки дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. 
Рӯзи дигар низ ҳамин гуна дарси сиёсӣ дар факултет доир гардид, ки дар он И.Неъматов, мудири кафедраи менеҷмент, Н.Шоасалов, мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва Ф.Убайдов, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи «Бозтоби масъалаҳои миллии рушд ва вусъати саноатикунонии кишвар, мавҷудияти имкониятҳо ва василаҳои истифодабарии мақсадноки онҳо ҳамчун самти афзалиятноки ташаккули иқтидори иқтисодии Тоҷикистон дар Паём» баромад намуданд 
Гуфта шуд, ки саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб доир гардид. 


Тағоймурод Эшзода