Хабарҳо
Тоҷикистон муқовимат бар зидди хатарҳои экстремизм ва терроризмро пурзӯр менамояд
Санаи 9 феврали соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар донишгоҳ конференсияи илмӣ зери унвони "Тоҷикистон муқовимат бар зидди хатарҳои экстремизм ва терроризмро пурзӯр менамояд", доир гардид, ки зимни баргузории он доираи зиёди устодону кормандон ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Конференсияро ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ифтитоҳ бахшида, доир ба паёмадҳои нанговари фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, мавсуф ибрози андеша кард, ки муаллифони адабиёти сершумори иттилоотӣ ба мафҳуми «ифротгароӣ» чунин мазмун медиҳанд: «... риояи ақидаҳо ва тадбирҳои ифротӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва шуур, ҳамчун роҳи инкори куллии меъёрҳои иҷтимоӣ», «...маҷмуи зуҳуроти зӯроварӣ, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳо ва ҷомеаҳои ғайриқонунии махсус бо мақсадҳои сиёсӣ ташкилшуда содир карда мешаванд».
Шарҳи шабеҳи мафҳуми мавриди назар дар «Луғати энсиклопедӣ» чунин ифода ёфтааст: «экстремизм» маънои пойбандӣ дар сиёсат ва идеология ба ақидаҳо ва амалҳои ифротӣ буда, бар ақидаҳои радикалӣ асос ёфтааст.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди фаъолияти ифротгароёнаро фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори омма ё шахсони алоҳида дар банақшагирӣ, ташкил, омодагӣ ва содир намудани амалҳое медонад, ки бо мақсадҳои:
- ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии Тоҷикистон;
- халалдор кардани амнияти Тоҷикистон;
- мусодира ё тасарруфи ҳокимият;
- ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;
- амали террористӣ;
- барангехтани адовати нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин адовати иҷтимоӣ, ки бо зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;
- паст задани шаъну шарафи миллӣ;
- ба амал баровардани бетартибиҳои оммавӣ, кирдорҳои авбошӣ ва вайронкорӣ дар асоси кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин, дар асоси кинаю адоват нисбат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;
- таблиғи мақому мартабаи истисноӣ ва бартар ё паст доштани шаҳрвандон аз рӯйи муносибати онҳо ба дин, мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ асос ёфтаанд.
Дар адабиёти илмии муосир ифротгароӣ «ҳамчун идеологияи муайяне, ки таҳаммулнопазириро нисбат ба мухолифон, саркӯбкунии хушунатомези онҳоро маҷбуран паҳн мекунад», маънидод гардидааст.
Мавсуф дар идомаи сухан иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бар зидди мавҷудият ва фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ муборизаи пайваста бурда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват бар он менамояд, ки ҷиҳати роҳандозии муборизаҳои муассир баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ба ҳам омада, барои башарият як зиндагонии қобили эътимод ва осоиштагиро муҳайё созанд.
Дар конференсия намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд. Зимни суханронии худ Ҷумаев Ҷамшед Сатторович, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки хусусиятҳои фарқкунандаи ифротгароӣ инҳоянд: инкори дигарандешӣ, таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҷонибдорони дигар ақидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, конфессионалӣ; асосноккунии идеологии истифодаи усулҳои зӯроварӣ нисбати ҳама гуна шахсоне, ки эътиқоди ғайр доранд; ба таълимоти маъруфи идеологӣ ё динӣ бо тафсири субъективии онҳо муроҷиат кардан; бартарияти усулҳои эҳсосии таъсиррасонӣ бо мақсади таблиғот; ба вуҷуд овардани симои харизматикии пешвоёни ҳаракатҳои ифротӣ.
Дар идомаи суханронии худ Ҷамшед Ҷумаев номгӯи ҳизбу ҳаракатҳоеро ном гирифтанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ эътироф шудаанд. Инчунин, мавсуф даҳҳо сомонаву расонаҳои иттилоотиро ном бурданд, ки дар асоси қарорҳои мушаххаси Суди олии кишвар онҳо сомонаву расонаҳои тарғибгари ғояҳои экстремистию террористӣ дониста шуда, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст.
Ҷамшед Ҷумаев дар бораи паёмадҳои даҳшатбори фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ибрози назар намуда, баён дошт, ки натиҷаи амали онҳо инсониятро дучори нестӣ карда, устувориву амнияти давлатҳоро халалдор месозад ва якпорчагии давлатҳоро барҳам зада, ҷуғрофияи ноамниҳоро густариш медиҳад. Ин вазъ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ташаккули тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷомеаи худ масъулиятшинос бошем, ҷаҳонбинии созандаву бунёдкоронаро, ки аз меҳваритарин ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат мебошад, дар зеҳнияти тамоми табақаҳои ҷомеа ташаккул диҳем. Бар замми ин, фазои зеҳнии муборизабарии ҷомеаро бар зидди ҳаракатҳои экстремистию террористӣ густариш дода, дар пешгирии фаъолшавии ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид бошем.
Зимни баргузории ин конференсия Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ низ сухан намуда, баён дошт, ки баланд бардоштани ҷаҳонбинии дунявӣ, густариши маърифати илмию маърифатӣ, тарбияи ҷомеа, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ метавонад омили меҳварии пешгирии ҷомеа аз хатарҳои экстремистию террористӣ гардад.