Хабарҳо
Аҳамияти таърихӣ ва ҷаҳонии ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити нави равандҳои сиёсӣ
- Чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳони имрӯз вориди марҳилаи наву мураккаби маҷмуи муносибатҳо гардида истодааст. Мавқеъхоҳию аз якдигар бартариятталабии қудратҳои ҷаҳон боиси он шуда истодааст, ки дипломатияи солим миёни давлатҳо ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи равобити бисёрҷониба рӯ ба сардӣ овардааст. Ин вазъ башариятро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда, зиндагии шоистаи инсонҳоро метавонад зери хатар гузорад. Фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, шиддатёбии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мусаллаҳшавии босуръати кишварҳо, ба миён омадани мавқеъгириҳои низоӣ миёни мамлакатҳо, авҷгирии нави бархӯрдҳои тамаддунӣ, тиҷорати ғайриқонунии силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби кишварҳои истеҳсолкунанда ба ҳаракатҳои тундгаро, вусъати нав пайдо намудани бозори тиҷорати сиёҳ дар минтақаҳои гуногуни олам натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои солими сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки зиндагии шоистаи инсониятро барҳам зада истодааст,- гуфт Давлатзода Абдулло зимни баргузории семинари омӯзишӣ, ки санаи 11 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид.
Мавсуф изҳори андеша намуд, ки омӯзиши ба миён омадани мушкилоти болозикр возеҳона нишон медиҳад, ки сабабу омилҳои мусоидаткунанда дар ин самт шаклгирии рақобатҳои носолим миёни қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои болозикр мавқеи солиму устувор дошта, пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват бар он меоварад, ки ҷиҳати муборизаи беамон бурдан бар зидди фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавқеи ҳамгироиву муттаҳидиро гирифта, башариятро аз паёмадҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб наҷот диҳанд. Аз сӯйи дигар, кишвари мо дар ҳама ҳолат ҳамгироии тамаддунҳоро пуштибонӣ намуда, ҷонибдори фароҳам овардани муносибатҳои солими сиёсӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад. Дар ин радиф, Тоҷикистон зери роҳбарии сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мусаллаҳшавии бошиддати кишварҳои ҷаҳон мухолиф буда, тиҷорати ғайриқонунии силоҳу муҳиммоти ҷангиро маҳкум менамояд,- баён дошт дар давоми чамъомад Абдулло Давлат.
Мавсуф қайд кард, ки аз сӯйи дигар Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба фазо, инчунин, муҳайё намудани шароити дастрасии инсоният ба оби тозаи ошомиданӣ, пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо, таъсиси фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешоҳанг буда, ба ҳайси лидери ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ баромад менамояд. Ин ибтикороти ҷониби Тоҷикистон характери таърихӣ дошта, инсониятро аз фоҷиаҳои нангин наҷот хоҳад дод.
Сипас Қутбиддин Муқимов, декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ изҳори ақида намуда, баён доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ бо ташаббусҳои беназирашон муқовимати байналмилалиро дар самти экстремизм ва терроризм ҷонибдор буда, пайваста инсониятро ба сӯйи нигоҳдошти осоиштагиву амнияти ҷаҳонӣ далолат менамоянд. Инчунин, Пешвои муаззами миллат формулаи умумиҷаҳонии наҷоти башариятро аз паёмадҳои хавфноки тағйирёбии бошиддати иқлим бо пешбарии 5 ташаббуси ҷаҳониашон эҷод намуда, талош бар он доранд, ки шароитҳои мусоиди зиндагии шоистаи инсоният дар таърихи имрӯзу оянда фароҳам ояд.
Дар идомаи семинар ҷамъомадагон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, ҷойгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли ҳама зуҳуроти ҷаҳони муосир бориз арзёбӣ намуданд.