Хабарҳо
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст!
Имрӯз, 15 –уми феврал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, фаҳмонидани даҳшати экстремизм ва терроризм, сафарбар намудани донишҷуён ба хизмати ҳарбӣ мулоқот баргузор гардид, ки дар он Ашурбӣ Каримова - муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Фарҳод Сатторзода - комиссари ҳарбии ноҳияи Сино, Маҳкамбой Гулзода - муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Маҳмадназар Нуров - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки дар ҳақиқат, ҳимояи хоки поки Ватан барои ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳ қарз аст. Соли гузашта низ шумораи зиёди донишҷӯёни донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, ки имрӯзҳо бо сари баланд қарзи шаҳрвандиашонро адо намуда истодаанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷасорат ва обутоби ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад,- қайд кард ректори донишгоҳ.
Пасон Ашурбӣ Каримова, Фарҳод Сатторзода ва Маҳкамбой Гулзода баромад намуда, дар бораи зарурати хизмати ҳарбӣ фикру андешааҳояшонро иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз артиш мактаби воқеии зиндагӣ, мардонагӣ ва ҷасорат аст. Рисолати муқаддаси Артиши миллӣ ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Хизмати ҳарбӣ нишонаи дарки ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳаббати ҳар як шаҳрвандро нисбат ба Ватан-Модар зиёд намуда, ӯро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбият мекунад. Ҷавонон, донишҷуёне, ки ба сафи аскарӣ даъват мегарданд, вазифаи муқаддаси худро бо устуворию фидокорӣ иҷро менамоянд, ки ин аз муҳаббат ва садоқат ба Ватан шаҳодат медиҳад.
Дар мулоқот муовинони ректор, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, масъулини раёсатҳои таълиму тарбия ва доираи васеи донишҷӯён иштирок доштанд. Дар фарҷоми чорабинӣ шумораи зиёди хатмкунандагон дар ҳузури меҳмонон иброз доштанд, ки ихтиёран дар даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар адо мекунанд.
Тағоймурод Эшзода