Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни факултетии хониши “Тоҷикон”

Озмуни факултетии хониши “Тоҷикон”

Санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ даври факултетии озмуни “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат”, бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. Дар озмун 30 нафар донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4-и факултет иштирок намуданд. 
Сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева зимни баромад иброз намуд, ки мутолиаи китоби “Тоҷикон” барои ҳар сокинони кишвар шарт ва зарур аст. Зеро бе огоҳӣ аз таърихи ҳаёти гузаштаи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Ин китоб оинаи воқеии халқи тоҷик аст, ки бо санаду далелҳои таърихӣ собит месозад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштааст. 
Дар рафти маҳфил довталабон ба суолҳои аъзои ҳакамон посух гуфта, баҳри роҳ ёфтан ба даври баъдии озмун рақобат намуданд. 
Дар натиҷа, Муҳсиддин Ҳоҷиев - донишҷӯйи курси 3 ихтисоси информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ҷойи якум, Гулоим Холова - донишҷӯйи курси 1 ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ ҷойи дуюм, Муҳаммадҷон Ниёзӣ - донишҷӯйи курси 1 ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар баҳисобгирии муҳосибӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба даври баъдии озмун роҳ ёфтанд. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт