Хабарҳо
Аксияи ватандӯстона
Субҳи 16-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат - рамзи иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон” аксия баргузор гардид.
Дар рафти аксия аз ҷониби сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷовидон Халифазода ва сармутахассиси шуъба Фирдавс Абдуғаффорзода расмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тақвими соли 2023, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳия шудааст, ба устодону кормандони донишгоҳ тақдим карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон мебошад.