Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинари онлайнӣ оид ба ташкили озмун

Семинари онлайнӣ оид ба ташкили озмун

Санаи 16.02.2023 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода семинари онлайнӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дигар сохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар кори семинар масъалаи ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баррасӣ гардид. Дар семинар Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Муҳамаддовуд Саломиён маъруза карда, оид ба аҳаммият, тартиб ва тарзи ташкилу гузаронидани озмуни мазкур маълумот дод. 
Дар фарҷоми семинар дар музокира ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иштирок карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкилкунандагони озмуни зикршуда миннатдорӣ баён намуда, оид ба рафти озмун дар ДДМИТ маълумот дод. 
Муовини аввали Вазири маориф ва илм ба рафти озмун дар ДДМИТ, корҳои тарғиботӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва умуман, фаъолияти донишгоҳ баҳои баланд дод.