Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон"- оинаи таърихи миллат"" дар ДДМИТ

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон"- оинаи таърихи миллат"" дар ДДМИТ

Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»» дар соли 2023 баргузор мешавад. Иқдому ташаббусҳои маорифпарварона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли тақдими китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи мамлакат дастгирию пуштибонӣ ёфта, ҳамчун тадбири саривақтӣ ва муҳим дар роҳи арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик арзёбӣ мегардад. Эълони озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки ҳоло дар сатҳи ҷумҳурӣ доир гардида истодааст, аз ташаббусҳои Роҳбарияти олии давлат ва миллати тоҷик мебошад", гуфт зимни ифтитоҳи даври факултетивии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муаррих Асадулло Муллоҷонов. 
Иттилоъ медиҳем, ки аз 15 феврал даври факултетивии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»» дар донишгоҳ ифтитоҳ ёфт. Рӯзи аввал озмун дар сатҳи факултети иқтисод ва бизнес ва факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир шуда, комиссияи озмунӣ беҳтаринҳоро аз сатҳи ин факултетҳо интихоб ва дар асоси гузориши расмӣ ба даври донишгоҳӣ пешбарӣ намуданд. 
Рӯзи 16 феврал озмун дар факултети молия ва қарз ва факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ доир шуда, фаъолон ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд. Қарор аст 17 фаврал баргузории даври ниҳоии ин озмун дар факултети ҳисобдорӣ ва омор ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ доир шуда, беҳтаринҳо ҷиҳати пешбарӣ ба даври навбатӣ интихоб гарданд. 
Дар назар аст, ки рӯзҳои 23-24 феврали соли 2023 даври донишгоҳии озмуни мазкур доир гардида, барандагони даври мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба даври ноҳиявии озмун ба унвонии комиссияи ноҳиявӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шаванд. 
Бояд тазаккур дод, ки шароитҳои хуб баҳри ҳаводорони озмун аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар муассиса роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, рафти баргузории озмуни мазкур бевосита зери назорати ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим қарор дорад. Ин аст, ки новобаста аз муассисаи иқтисодӣ будан, ҳаводорони озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон"-оинаи таърихи миллат"" дар донишгоҳ фаъол буда, шумори онҳо дар даври ниҳоӣ ба садҳо нафар мерасад. 
Раёсати донишгоҳ талош бар он дорад, ки соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур устодону донишҷӯёни донишгоҳ ғолибиятро ба даст оваранд. 


Мавҷуда Давлатова - раиси шурои кураторони ДДМИТ