Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ

Маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ

Санаи 17-уми феврал маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2022 натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо ва ҳадафҳо барои соли 2023 гузошта шуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, дар ибтидо муовини ректори ДДМИТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров баромад намуда, дар бораи нуктаҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод. Аз ҷумла, Ф. Қодиров иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳимму тақдирсоз буда, муайянкунандаи ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мебошад. Паёми Пешвои миллат дастур барои рушду бақои давлату давлатдорӣ буда, манбаи корҳои зиёди илмиву тадқиқотӣ мебошад. 
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳакимбек Абдуалимзода баромад намуда, оиди фаъолияти яксолаи кумита ҳисобот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки соли 2022 барои кулли мардуми Тоҷикистон ва хоссатан аъзои ҲХДТ соли бобарор буда, кишварамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар муҳлати ҳисоботӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 56 чорабинӣ ва дарсҳои сиёсӣ гузаронида шуданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ҷиҳати нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву ғайриқонунӣ зиёдтар карда шуданд. Бар замми ин, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ВАО низ аъзои кумитаи иҷроия фаъол буданд ва пайваста дастовардҳои Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ мекунанд. 
Баъдан, Нурзод Розиқ, мудири шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино суханронӣ намуда, ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» баҳои баланд дода, саҳми аъзои онро дар корҳои ташвиқотӣ назаррас арзёбӣ кард. Номбурда аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки минбаъд низ нашри мақолаҳои хусусияти ташвиқотиву тарғиботидоштаро зиёд кунанд ва дастовардҳои Тоҷикистонро ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ намоянд. 
Дар фарҷоми ҷамъомад ба аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.