Хабарҳо
Озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»» дар факултет
Санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ даври факултетии озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. Дар озмун 24 нафар донишҷӯи курсҳои аз 1 то 4 иштирок карданд.
Декани факултет Б.Сатторзода озмунро кушода, қайд намуд, ки асари безаволи аллома Б.Ғафуров “Тоҷикон” барои ҳар нафар тоҷик китоби муқаддас ба ҳисоб меравад, зеро мо бояд таърихи гузаштаи худро донем. Зеро бе огоҳӣ аз таърихи гузаштаи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Ин китоб оинаи воқеии халқи тоҷик буда, бо санаду далелҳои таърихӣ собит месозад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштааст.
Дар рафти озмун довталабон ба суолҳои аъзои ҳакамон посух гуфта, баҳри роҳ ёфтан ба даври баъдии он рақобат намуданд. Дар натиҷа, Ҳомилзода Эҳсон, донишҷӯйи курси 1 ихтисоси идораи давлатӣ ҷойи якум, Лоиқ Ғафурзода, донишҷӯйи курси 2 ихтисоси андоз ва андозбандӣ ҷойи дуюм, Гарсеварз Бобоёрзода, донишҷӯйи курси 2 ихтисоси андоз ва андозбандӣ ҷойи дуюм, Ҳошимов Муҳаммад - донишҷӯйи курси 1 ихтисоси андоз ва андозбандӣ ҷойи сеюм ва Зикроллоҳ Ҷурахонзода, донишҷӯйи курси 4 ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба даври баъдии озмун роҳ ёфтанд.
Фирдавс Шодиев, муовини декан оид ба илми факултети иқтисод ва бизнес