Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши андоз аз арзиши иловашуда дар рушди иқтисоди миллӣ

Нақши андоз аз арзиши иловашуда дар рушди иқтисоди миллӣ

Дар ҳамин мавзуъ бо ташаббуси кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнес зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид, ки дар он декани факултет, мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд. 
Дар доираи мавзуи мазкур мудири кафедраи андоз ва суғуртаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дотсент Абдукарим Қурбонов баромад намуда, қайд кард, ки андоз аз арзиши иловашуда яке аз андозҳои ғайримустақим буда, дар қисми даромади буҷети давлат нақши босазо дорад. 
Гуфта шуд, ки дар соли 2023 33,8%-и қисми даромади андозии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ба нақша гирифта шудааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии давлат андози мазкур нақши босазо дорад. 
Қайд карда шуд, ки мавзуи баррасишаванда яке аз мавзуъҳои муҳим буда, ба устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо намоянд. 
Тағоймурод Эшзода