Хабарҳо
ДДМИТ: Ташаккули фарҳанги ахлоқии донишҷӯдухтарон дар меҳвари таваҷҷуҳи фаъолияти шурои кураторон
- Ташаккули маърифати ахлоқии ҷомеа самти меҳварии пешбурди фаъолияти идеологӣ маҳсуб мешавад. Ҷомеа дар заминаи мавҷудияти арзишҳои ахлоқӣ устувории худро нигоҳ дошта, сӯи ояндабинии устувор қадам гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорона саҳмгузорӣ менамояд. Аммо дар шароити муосири ҷаҳонӣ, бо ба миён омадани муносибатҳои мураккаби равандҳои ҷаҳонишавӣ иддае тангназарон, ки аз муносибатҳои устувори тарбиявӣ канор мондаанд, дар нисбати арзишҳои ахлоқие, ки хусусияти миллӣ дошта, унсури калидии миллатмеҳвариро мушаххас менамоянд, бетафовутӣ мекунанд. Маҳз ҳамин мушкилот аст, ки зуҳуроти мухталифи хатарафзо ҷомеаро ба ташвиш оварда, дар амалӣ намудани маромҳои миллӣ монеагузор мешаванд,- гуфт Мавҷуда Давлатова, раиси Шурои кураторони донишгоҳ зимни баргузории семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи "Ташаккули маърифати ахлоқии донишҷӯдухтарон талаби замон аст", ки санаи 16 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар давоми ин гуфтаҳо мавсуф афзуд, ки талаби замон аст, мо ба масъалаи ташаккули маърифати ахлоқии донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем, то ба ин васила донишу малака ва маҳорату ҷаҳонбинии ҷинси латифро дар шароити имрӯз ташаккул дода, дар ҳалли масоили ҳалталаб ва муаммоҳое, ки дар ҳаёти рӯзмарра дучори он мегарданд, ба осонӣ бароянд.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур Давлатзода Абдулло Давлат, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, доир ба масъалаи болоравии парокандашавии оилаҳои ҷавон, мавҷудияти бегонагароии фарҳангӣ миёни духтарон ва дигар мушкилоти мавҷудаи ҳаёти онҳо ибрози андеша намуд.
Дар анҷоми семинар мулоҳизарониву мубоҳисаҳо низ сурат гирифт.
Тахмина Умаралиева, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ