Хабарҳо
Ду дарси сиёсӣ дар як факултет
Тибқи нақша-чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ вобаста ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 санаи 14-уми феврали соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курсҳои дуюм дарси сиёсӣ доир гардид. Дар он устоди кафедраи омор С.Маъдиев дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои миллии рушд ва вусъати саноаткунонии кишвар ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» баромад намуд. Ба донишҷӯёни курсҳои сеюм бошад, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ К. Шодиев дар мавзуи «Тоҷикистон кишваре дар роҳи рушд» дарсӣ сиёсӣ гузашт.
Гуфта шуд, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд.
Тағоймурод Эшзода