Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сада - ҷашни миллии тоҷикон

Сада - ҷашни миллии тоҷикон

Санаи 17-уми феврали соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Сада - ҷашни миллии тоҷикон» баргузор гардид. Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева баромад намуда, аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфт, ки ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад. Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллатамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд. 
Баъдан, ассистенти кафедраи гуманитарии донишгоҳ Далер Сангинов дар мавзуи «Таърих ва анъанаҳои Сада тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ» баромади пурмуҳтаво намуда, қайд кард, ки ҷашни Сада таваллуди оташ аст. Дар мардуми тоҷик анъанае ҳаст, ки аз рӯзи таваллуд то 40 рӯз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Яъне, Сада гаҳворабандони Офтоб асту тифли 40-рӯза ва Офтобро бо оташи «Сада» гарм мекунанд. Сада маънои сад, яъне то Наврӯз 50 шаб ва 50 рӯз боқӣ монданро дорад. Иди тайёрӣ ба Наврӯз аст. Дар Сада оташи бузургеро аланга медоданд, ки замину замон нуристон мешуд. 
Дар мунозира ва ҷамбасти мизи мудаввар донишҷӯён ва устодон баромад намуда, оид ба ҷашни Сада андешаҳои судманд баён намуданд. 


Тағоймурод Эшзода