Хабарҳо
""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат""
Санаи 17-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат"" баргузор гардид. Дар он сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева, декани факултет Ғ. Ғафуров, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ У. Сабуров ва дигар кормандони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози озмун декани факултет доир ба мақсади баргузории озмуни мазкур суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид. Пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободу шукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад.
Ҳамчунин, мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмуъ, ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.
Е. Мирзоева шартҳои озмунро ба донишҷӯён пешниҳод намуда, ба онҳо муваффақиятро таманно кард.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян ва барои иштирок дар даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.
М. Амиров, муовини декан оид ба илм