Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибон муайян шуданд

Ғолибон муайян шуданд

Имрӯзҳо дар факултетҳои ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардида истодааст. Бо ин мақсад, санаи 17 феврали соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ озмуни факултетавии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок варзиданд. 
Донишҷӯёни зерин: Бобоҷони Шарифхӯҷа, Азизхӯҷа Қудбидинов, Иқбол Исмоилов, Фирӯзи Қиматшо, Шаҳбоз Саидзода ва Беҳруз Самадов барои иштирок дар давраи донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд. 
Бояд қайд кард, ки озмуни дохилидонишгоҳии донишҷӯён таҳти унвони «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат” дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо намоиши китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи олӣ баргузор гардид. 


Субҳоналӣ Мирзоев, муовини декан оид ба илми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ