Хабарҳо
Саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созанда
Рӯзи 18 феврали соли равон ҳайати бисёрнафараи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шанбегии умумишаҳрӣ, ки бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардидааст, фаъолона ширкат намуданд.
Онҳо ҳудуди кӯчаву шаҳракҳои Борбад, Нахимов, Юсуф Вафо, Навбаҳор ва Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз партовҳо ва ҷӯю обпартоҳоро покиза намуданд. Инчунин, дар ин рӯз бештар аз сад бех гул ва панҷоҳ дарахти ороишӣ шинонида шуд.
Ин тадбир бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории аксияҳои ободиву созандагӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона доир гардид. Минбаъд низ ин ибтикорот идома хоҳад ёфт.
Тағоймурод Эшзода