Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили рӯзи байналмилалии барномасозон

Таҷлили рӯзи байналмилалии барномасозон

Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи байналмилалии компютердонон ва барномасозон мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди технологияҳои иттилоотӣ» баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, кормандони ин соҳаро бо иди касбиашон таҳният гуфт ва дар бораи аҳаммияти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ташаккул додани рақамикунонии фаъолияти соҳаҳо сухан ронд. 
Сипас, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар мавзуи «Ҳифзи иттилоот дар шароити рақамикунонӣ» ва устоди кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Осим Фарайдунов дар мавзуи «Рушди забонҳои барномасозӣ» баромад карданд. Дар музокира устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Баҳодур Муллоҷонов ва дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Парвиз Бобомуродов баромад намуданд. 
Қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ воситаи асосӣ барои рақамикунонии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор мераванд. Истифодаи воситаи мазкур дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар, махсусан саноатикунонии босуръат ва равандҳои рақамикунонии он нақши муассир мебозад. 
Дар охири мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани самти кори рақамикунонии иқтисодиёт таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. 


Тағоймурод Эшзода