Хабарҳо
КИИ "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ мизбони шунавандагони курси бозомӯзии ҳизбиён
Санаи 20 феврали соли 2023 шунавандагони курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати боздид ва шиносоӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни ин ташрифот Исматҷонов Бахтиёр - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Тайғунова Гулнора - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Неъматзода Насруллоҳ - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш ва Баротова Маҳина - намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Меҳмононро ректори донишгоҳ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим истиқбол намуда, ҷиҳати ташрифашон ва шиносоӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ хайра мақдам намуд.
Сипас шунавандагони курси мазкур аз ҷараёни фаъолияти Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии он дидан намуданд. Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ аз 6 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ба монанди "Молиячиён", "Байналмилаличиён", "Технологияҳои муосир", "Ҳисобдор", "Ҳуқуқи иқтисодӣ", "Молиячӣ-андозситон" иборат аст. Дар соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи мазкур 273 чорабинии сиёсию тарғиботӣ, фарҳангию маърифатӣ, сайёҳии варзишӣ, шанбегию ободкорӣ дар сатҳи муассиса, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ доир карда шудааст, ки бозгӯкунандаи ҳадафҳои олии оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин шеваи фаъолияти Кумита буд, ки он соли 2022 миёни кумитаю ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ба унвони "Фаъолтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии сол" баҳогузорӣ ва сазовори ҷоиза гардид.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки самаранокии фаъолияти Кумита ва донишгоҳ ҳаммаром пеш рафта истодааст. Ин аст, ки аз ҳисоби рейтинг Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни муассисаҳои олии кишвар мақоми чаҳорумро ишғол менамояд. Пешбурди корҳои таълимию тарбиявӣ, методиву илмӣ дар сатҳи кумита ҳолати рӯзафзун дошта, соли 2022 аз ҳисоби устодону муҳаққиқони ҷавон 25 нафар рисолаҳои номзадии худро муваффақона ҳимоя намуданд. Иброз гардид, ки аъзоёни ҳизб аз ҳисоби Кумита дар ҳама чорабиниҳои ҳизбию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, махсусан озмуну олимпиадаҳо иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.
Дар интиҳои ташрифот мизи гирд дар мавзуи "ҲХДТ - ҳизби ҷавонпарвар ва зодаи масъулияти бузурги миллӣ" доир карда шуд. Зимни баргузории он Абдуалимзода Ҳ. ва Исматҷонов Б. вобаста ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти ҳизб, махсусан ҷойгоҳи Раиси муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури муосири миллӣ, амалӣ намудани марому мақсад ва ғояҳои созандаи милливу давлатӣ, бунёду густариши давлатдории муосири миллӣ ибрози назар намуда, баён доштанд, ки ҳама пешрафту тараққиёти Тоҷикистони муосир натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии созандаю бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва он нафаронест, ки зери маромҳои созандаи оинномавии ин ҳизб ба ҳам омадаанд.
Зимни суханронии худ Исматҷонов Б. ба фаъолияти КИИ "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ баҳои баланд дода, онро намунаи олии кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ном бурд. Дар интиҳо меҳмонон аз ҷониби Абдуалимзода Ҳ. бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.