Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ мизбони нахустин ҳамоиши иқтисодчиёну соҳибкорони ҷавон дар соли 2023

ДДМИТ мизбони нахустин ҳамоиши иқтисодчиёну соҳибкорони ҷавон дар соли 2023

Санаи 20-уми феврали соли 2023 дар доираи нақшаи ҳамкориҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар донишгоҳ нахустин Ҳамоиши иқтисодчиёну соҳибкорони ҷавони кишвар зери унвони "Нақши соҳибкорони ҷавон дар рушди иқтисодиёти мамлакат" доир гардид. Дар кори ҳамоиш Сураҷ Чоршанбезода- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳром Сафаров- муовини ректори ДДМИТ оид ба илм, Бунавшамоҳ Қодирова - муовини ректори ДДМИТ оид ба корҳои тарбиявӣ, Самиаллоҳ Шераризода- директори Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон", Зарнигор Раҷабзода -муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат", иқтисодчиён, олимону муҳаққиқони ҷавони соҳаи молияву иқтисод, саноату истеҳсолот, соҳибкорони ҷавону донишҷӯёни кишвар ширкат намуданд. 
Ҳамоишро Б.Сафаров ифтитоҳ намуда, моҳияти баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф зимни суханронии худ аз ҳамкориҳои судманду самарабахши Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо аст, ки аз як ҷониб фаъолияти Кумита ба воситаи олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни ДДМИТ дар сатҳи кишвар тарғиби ҳамаҷониба пайдо намуда, аз ҷониби дигар бошад, Кумита бо муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷавонон имконеро фароҳам намудааст, ки олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳи мо дар доираи ин ҳамкориҳо таҷрибаи муосиру самарабахши илмию кор бо ҷомеаро гирифта, мавқеъи худташаккулдиҳиро соҳиб гарданд. Б.Сафаров дар идомаи суҳбати худ аз мураккабшавии вазъи муносибатҳои иқтисодӣ дар доираи ба вуҷуд омадани бархӯрдҳои геосиёсӣ, фазосозиҳои нави таҳримҳои иқтисодӣ, тезутундшавии рақобатҳои иқтисодӣ миёни давлатҳо, доман паҳн намудани ҷуғрофияи ноамниҳо ёдоварӣ намуда, ривоҷёбии ин зуҳурроти номатлубро хатари ҷиддие дар ҳамгироии мусоиди иқтисодии байналмилалӣ унвон намуд. 
Сураҷ Чоршанбезода зимни баромади худ аз имкониятҳои мавҷудаи имрӯзаи иқтисодиву молиявӣ, саноатию истеҳсолӣ ва соҳибкорию тиҷоратӣ ёдовар шуда, баён дошт, ки дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо мавҷуд аст, танҳо зарур аст руҳияи мардумро баҳри истифодабарии самараноки ин имкониятҳо мувофиқ ба ҳадафҳои миллии рушд бедору фаъол созем. 
Зимни ҳамоиши мазкур донишмандону мутахассисони соҳаи иқтисодиёт Сунатулло Нуриддинов, Хуршед Давлатов, Самиаллоҳ Шерализода, Раҷабзода Зарнигор, инчунин намояндагони корхонаву муассисаҳои саноатию истеҳсолӣ, ташкилотҳои молиявию бонкӣ, ҷамъиятҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ва корхонаҳои фаъолияти соҳибкори доир ба масъалаҳои мухталифи соҳаи иқтисоду тиҷорату истеҳсолоту соҳибкорӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. 
Дар ҳамоиши мазкур Давлатзода Абдулло-сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳлилҳои вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодию истеҳсолӣ ва соҳибкорию тиҷоратӣ тақозо менамояд, ки мо илмро ба истеҳсолот равона намуда, ҳама намуди муносибатҳои хусусияти иқтисодидоштаамонро дар доираи дидгоҳои илман асосёфтаю собитшуда роҳандозӣ намоем. 
Дар интиҳои ҳамоиш як қатор фаъолони соҳа барои фаъолияти самарабахш бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.