Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ба хизмати Ватан – Модар тайёрем!

Ба хизмати Ватан – Модар тайёрем!

Аз соли 1993 то имрӯз ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Баҳри таҷлили бошукӯҳи ин санаи таърихӣ, рӯзи 20-уми феврали соли равон дар толори таълимии донишгоҳ аз тарафи донишҷӯён ва устодони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. 
Чорабиниро декани факултет София Темурбекова ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Бинобар ин, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар ҳақиқат, сипари боэътимод, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. 
Сипас раиси собиқадорони ҷанги Афғонистон С. Ҳаитов нутқ эрод намуда, қайд кард, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. 
Муовини қумандон оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсии қисми ҳарбии 5453 Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ И. Қодиров дар ҳузури донишҷӯён баромад намуда, онҳоро барои ҳифзи марзу буми кишвар ва мардонагӣ ҳидоят намуд. 
Дар анҷоми ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангии иборат аз суруду шеърхонӣ дар васфи Ватан, саҳнаҳои ҳаҷвӣ-тарбиявӣ ва сафороии афсарон намоиш дода шуда ва ба як гурӯҳ устодон ва меҳмонони чорабинӣ туҳфаву сипосномаҳои садорати факултет тақдим гардид. 


Шарифхон Гурезов, муовини декан оид ба тарбияи факутети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт