Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хизмат дар артиш кори мардон ва дарси зиндагист!

Хизмат дар артиш кори мардон ва дарси зиндагист!

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол буда, дар шароити душвор таъсис ёфтааст. 
Бахшида ба ин рӯзи таърихиву сарнавиштсоз рӯзи 21-уми феврали соли равон дар факултети иқтисод ва бизнес семинари машваратии ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар мавзуи «Зарурати ташаккули маърифати ҳарбӣ-ватандустии донишҷӯён» баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯён иштирок намуданд. 
Дар оғози чорабинӣ декани факултет Бобоҷон Сатторзода ҳозиринро ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд ва қайд кард, ки тӯли 30 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Инчунин, иброз намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмарди ватандор қарз аст. 
Баъдан, раиси шурои собиқадорони донишгоҳ С. Ҳайитов ва сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ А. Давлатзода баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодаанд. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳимояи Ватан кори мардон ва дарси зиндагист. 
Дар анҷоми ҷамъомад ба як гурӯҳ устодон сипосномаҳои садорати факултет тақдим карда шуд. 


Бахтовар Давлатов эдвайзер оид ба тарбия