Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Артиши миллӣ кафили амнияти Тоҷикистон

Артиши миллӣ кафили амнияти Тоҷикистон

Санаи 21-уми феврали соли равон дар факултети молия ва қарз чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ кафили амнияти Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 
Ҳамоиш бо садо додан ва қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. 
Декани факултет А. Нурализода устодону донишҷӯёнро бо ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик кард. Ӯ қайд кард, ки Артиши миллӣ – кафили суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат буда, хизмат ба Ватан ва муҳофизати сарзамини аҷдодӣ яке аз вазифаҳои муқаддас, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати виҷдонии ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад. 
Баъдан, раиси собиқадорони донишгоҳ С. Ҳаитов дар суханронии худ қайд намуд, ки ҳоло дар саросари кишвар омодагиҳо барои таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд. 
- Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи арзишҳои истиқлол ва саҳм гузоштан дар ободониву осоиштагии Ватани маҳбуб вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси ин марзу бум ба шумор меравад,- гуфт дар охири суҳбат С. Ҳаитов. 
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ аз ҷониби садорати факултет ба донишҷӯёну иштирокчиёни чорабинӣ Сипоснома ва Ифтихорнома тақдим гардид. 


Ҷаъфар Қодиров