Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиш ба ифтихори Қувваҳои Мусаллаҳ

Ҳамоиш ба ифтихори Қувваҳои Мусаллаҳ

Санаи 22-юми феврали соли равон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки васеи устодону кормандон ва донишҷӯёну собиқадорон доир гардид. 
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки дар тӯли мавҷудияташ Артиши миллии мо собит сохт, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи фазои орому осудаи кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушд меёбад. 
- Имрӯзҳо иқтидори Артиши миллӣ таҳким ёфта, ба як ниҳоди пурқудрат ва тавонои дорои кадрҳои баландихтисос табдил ёфтааст. Мо ҳамчун шаҳрванди кишвари маҳбубамон аз дастовардҳои Артиши миллиамон ифтихор намуда, нисбати ҷасорату қаҳрамонии родмардони Ватан ба хотири амнияти кишвар сипосгузорем ва хизмати эшонро қадр мекунем,- гуфт дар идомаи суханрониаш ректор. 
Дар робита ба ин гуфтаҳо, роҳбари таълимгоҳ дар бораи афзалиятҳои хизмати ҳарбӣ ва мактаби обутоби зиндагӣ будани он андешаҳои хешро иброз дошт. Ҳамчунин, қайд намуд, ки донишҷӯёну хатмкунандагони донишгоҳ дар давоми маъракаҳои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъол буда, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд. 
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода ширкат намуда, зимни сухани табрикотӣ аз иқдомоти донишгоҳ ва иштироки фаъоли донишҷӯёну хатмкунандагони донишгоҳ дар маъракаҳои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуд. Ш. Одиназода аз номи идораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикстон» ба донишгоҳ барои ҳамкориҳои судманд ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сипоснома тақдим намуд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, ба собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист ва фаъолон медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Аз ҷумла, бо медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳ.А., мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, профессор Насриддинов Ф.Б., коменданти хобгоҳи №1 Мухторов З., раиси КМИК Ниёзов Б., бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Ҷурахонзода Б.Ҷ., муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Муродов Д., сардори раёсати молия ва муҳосибот Ғафорӣ А., сардори раёсати таълим Қаландаров А., бо Ифтихорномаи ДДМИТ ҷанговарони интернатсионалист, профессор Насриддинов Ф.Б., дотсент Ҳайитов С.П., муаллими калон Нозимов Ҳ., мудири кафедраи математикаи олӣ Шодмонов М., сардори шуъбаи банақшагирӣ ва дурнамои иқтисодӣ Зуҳуров М., мудири анбори донишгоҳ Давлатов М., муаллимони калон Шомудинов О., Мусофиров Э., мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Холбобоев Р., бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамчун фаъолтарин шуъбаи кор бо ҷавонони МТОК дар соли 2022, бо Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори маркази тестӣ Раҳимов М., мудири кафедраи менеҷмент Неъматов И., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Бобомуродов Б. сарфароз гардонида шуданд. 
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ ба аҳли нишаст барномаи фарҳангии фарогири мавзуъҳои ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва хотири ҳозиринро болида гардониданд. Чорабинӣ дар фазои болидарӯҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.