Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муоинаи тиббӣ - далели солимии ҷомеа

Муоинаи тиббӣ - далели солимии ҷомеа

Муоинаи тиббӣ яке аз шаклҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар ДДМИТ низ муоинаи тиббии устодон ва кормандон гузаронида мешавад. Санаи 22-уми феврали соли равон низ дар толори таълимии ДДМИТ муоинаи тиббии устодон ва кормандони донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи марказии муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор, ҶДДМ «Беҳдоштӣ» ва МНДСЭ-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. 
Дар он 8 мутахассис - духтури бемориҳои дарунӣ, духтури бемориҳои пӯст, духтури занона, духтури гӯшу гулую бинӣ, духтури бемориҳои асаб, духтури бемориҳои чашм, духтури бемориҳои сил ва духтури тадқиқоти хун барои RV устодон ва кормандонро аз санҷиши тиббӣ мегузаронанд. 
Бино ба иттилои ҳамшираи тиббии донишгоҳ Хайриниссо Тешаева, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандон дар донишгоҳ тайи ду рӯз идома ёфта, натиҷаи ин ташхис баъди як ҳафта маълум мегардад. 


Тағоймурод Эшзода