Хабарҳо
Хизмат ба Ватан дарси мардонагист!
Ҳамасола дар сартосари мамлакат 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳамин хотир, дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Бунавшамоҳ Қодирова чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Сараввал, декани факултет Давронҷон Хоҷазода кулли ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, илова кард, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз қарзи ҳар як ҷавонмард ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби зиндагӣ аст. Дар муддати 30 соли таърихӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона саҳми сазовор гузоштааст.
Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра устодон ва донишҷӯён, ки фаъолияти самарабахш дошта, саҳми арзандаи худро дар баландбардории ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон гузоштаанд, Ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Чорабинӣ дар фазои ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт. Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзун мегардонанд.
Тағоймурод Эшзода