Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибони даври донишгоҳии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” муайян гардиданд

Ғолибони даври донишгоҳии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” муайян гардиданд

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми июли соли 2022, таҳти №АП-227 ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дарҷ гардидааст, аз 13-ум то 18-уми феврали соли ҷорӣ дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид. 
Дар даври аввали озмун 210 нафар донишҷӯён иштирок намуда, тибқи талаботи низомномаи озмун ҳайати комиссия 27 нафар беҳтаринҳоро ба даври донишгоҳии озмун пешниҳод намуданд. 
Даври донишгоҳии озмун бошад, санаи 22-юми феврал бо иштироки бевоситаи ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканон ва муовинони декан оид ба илми факултетҳо, ҳайати комиссия ва донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно карда, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат”-ро аз ҷиҳати илмӣ ва таърихӣ баланд арзёбӣ намуда, қайд кард, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ буда, барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа аз таъриху тамаддун, урфу одат ва анъанаҳои қадимаи худ заминаи илмиву таърихиро фароҳам месозад. 
Сипас, муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров аҳли нишастро бо иштирок дар озмуни мазкур табрик гуфта, иброз дошт, ки воқеан ҳам, китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” оинаи таърихи миллати тоҷик аст, зеро дар пойдории давлати тоҷикон саҳми босазоро гузоштааст. 
Ҳамин тавр, аз 27 нафар иштирокчиёни озмуни мазкур, 8 нафар донишҷӯ холҳои баландро нисбати дигарон ба даст оварда, ба даври ноҳиявӣ, ки моҳи июн баргузор мегардад, сафарбар мегарданд: 
1. Бобоҷони Шарифхуҷа, донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ-10 хол; 
2. Қудбидинов Азизхуҷа Равшанович, донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ-10 хол; 
3. Исмоилов Иқбол Равшанович, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ-8 хол; 
4. Холназаров Абдулҳамид Муродович, донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ-8 хол; 
5. Ҳомилзода Эҳсон, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисод ва бизнес -7 хол; 
6. Бобоёрзода Гарсеварз, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисод ва бизнес -6 хол; 
7. Фирузи Қиматшо, донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ-5 хол; 
8. Ғафурзода Лоиқ, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес -5 хол. 
Мо ба донишҷӯён - ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» барору комёбиҳо таманно намуда, умед ба он мебандем, ки эшон дар даврҳои минбаъда низ обрӯю эътибори донишгоҳамонро боз ҳам баланд мебардоранд. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия