Хабарҳо
Ҷаласаи онлайнӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб
Санаи 24-уми феврал таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласаи онлайнӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа се масъалаи асосӣ – муқовимат ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва террористӣ, пешгирии паҳншавии таълимоти динии ғайрирасмӣ ва муқовимат бо коррупсия баррасӣ гардиданд. Дар доираи масъалаи аввал Л. Абдухолиқзода қайд кард, ки новобаста аз корҳои анҷомдода дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ, зарур аст корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ боз ҳам зиёдтар ва усулҳои наву мушаххаси мубориза бо ин зуҳурот коркард карда шаванд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи мо – кормандони соҳаи илму маориф, дар амалӣ шудани ҳамаи бандҳои Стратегияи муқовимат бо терроризм саҳмгузор бошем. Перомуни масъалаи дуюм, яъне пешгирии паҳншавии таълимоти динии ғайрирасмӣ қайд гардид, ки ин гуна таълимот хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа мебошанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шаванд ва ҷавонон аз моҳияти террористиву ифротгароӣ доштани ин гуна таълимот огоҳ бошанд. Махсусан, дар хобгоҳҳои МТОК ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд шаванд. Дар доираи масъалаи муқовимат бо коррупсия қайд карда шуд, ки ин падида хосияти зиддиҷамъиятӣ дошта, зиёд шудани он ҳамаи соҳаҳоро хароб мекунад. Илова гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи маориф ва илмро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд ва дар ҷавоб ба ин гуна ғамхорӣ ва тавваҷуҳ моро зарур аст, ки мубориза бо коррупсияро ҷоннок ва самарабахш намоем. Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ, масъалаи иҷроиши нақшаи қабули МТОК баррасӣ гардида, ба масъулин дастурҳо дода шуд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи онлайнӣ аз ҷониби ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ба масъулин ҷиҳати иҷроиши саривақтӣ ва босифати масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида дастурҳои мушаххас дода шуд.