Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ

Донишҷӯйи ДДМИТ - ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ

Ғолибиятро ба даст овардану иштирок кардани донишҷӯёни мо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромада, як василаи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ гардидааст. 
Боиси ифтихор аст, ки ин навбат варзишгари мо Воҳид Зоҳидзода чемпиони ҷаҳон гардид. 
Аз санаи 11-ум то 19-уми феврали соли равон дар варзишгоҳи Ҷумҳурии Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз 65 давлат, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико ширкат варзиданд. 
Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ донишҷӯйи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Воҳид Зоҳидзода дар вазни 52 кг аз рӯйи риштаи муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. 
Ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода зимни ҷаласае, ки бо иштироки раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо доир гардид, Воҳид Зоҳидзодаро бо ин дастоварди бузурги варзишӣ муборакбод намуда, таъкид дошт, ки Воҳид яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун чандин маротиба ғолибият ба даст оварда, номи донишгоҳро баланд мебардорад. Мо аз ҳузури ин қабил донишҷӯёни муваффақ ва ташаббускору ҷӯё дар сафи толибилмонамон мефахрем. Итминони комил дорем, ки донишҷӯёни дигар низ аз ин музаффарияти варзишгари ғолиб илҳом ва ибрат гирифта, барои такмилу камолоти хеш саъй хоҳанд кард. 
Мо, Воҳид Зоҳидзодаро бо ин пирӯзии бесобиқааш табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш музаффариятҳои навро таманно мекунем. 


Тағоймурод Эшзода