Хабарҳо
Дастури Паём: Муқовимат бо терроризм ва экстремизм
Дар Паёми имсолаи хеш 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм чунин қайд намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Вобаста ба ин, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамроҳ, ки зимни ҷаласаи онлайнӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардида буд, санаи 28-уми феврали соли 2023 бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес семинар-машварати тарбиявӣ дар мавзуи «Аҳаммияти экстремизм ва терроризм дар ҷомеа» баргузор гардид.
Дар семинар Бунафшамо Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзозода Муслиҳиддин, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Сино Муҳаммадсаиди Шарофиддин, Сатторзода Бобоҷон, декани факултет, Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Семинарро декани факултет Б. Сатторзода ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад, зеро дар замони имрӯза зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Баъдан, Хоҷамирзозода Муслиҳиддин, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ кардани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Дар давоми ин гуфтаҳо Муҳаммадсаиди Шарофиддиндар, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Сино ба сухан баромада, илова намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамоянд.
Дар қисмати музокиравии семинар сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот Асадулло Мулоҷонов ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода баромад намуда, қайд намуданд, ки шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Баргузор намудани ин қабил чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда дар ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.
Тағоймурод Эшзода