Хабарҳо
Ҳамкориҳо тақвият меёбанд
Санаи 28-уми феврал бо ибтикори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар доираи ҳамкориҳо бо факултети менеҷменти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дарси фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
Дарси мазкурро бо суханҳои ифтитоҳӣ Д. Хоҷазода, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Қ. Содиқзода, декани факултети менеҷменти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оғоз намуда, иброз доштанд, ки баргузории чунин дарсҳо бо усулҳои муосир, аз ҷумла тариқи маҷозӣ иқдоми саривақтӣ буда, барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, рушди касбияти онҳо ва бардоштҳои ҷолиб аз онҳо муфид мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мавзуи дарс фарогири масоили муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, тиҷорати байналхалқӣ, таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии ширкатҳо ва усулҳои муосири менеҷментро дар бар мегирифт. Дарси мазкур ҷолиб баргузор гардида, устодон ва донишҷӯён аз он таассуроти нек бардоштанд.
Дар фарҷоми дарс қайд гардид, ки баргузории чунин дарсҳо минбаъд ба ҳукми анъана медароянд.