Хабарҳо
Пиряхҳои Тоҷикистон - манбаи оби дарёҳои Осиёи Миёна
Вобаста ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо санаи 1-уми марти соли равон бо ташаббуси факултети молия ва қарз дарси кушоди сиёсӣ баргузор гардид.
Дарси кушоди сиёсиро декани факултет А.Нурализода ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳаммияти ин ташаббус истода гузашт. Гуфта шуд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф арзёбӣ шуда, обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.
Сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ А.Давлатзода дар баромади худ қайд намуд, ки дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ мушкилоти имрӯзу дирӯз нест. Ин масъала аз вақти пайдоиши инсоният аз он масъалаҳоест, ки одамон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Зеро бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мардумонаш аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар баъзе давлатҳо нархи об алҳол аз нархи сӯзишворӣ ҳам болотар меистад. Бояд гуфт, ки бо тағйир ёфтани иқлими сайёра, яъне сол то сол гармшавии ҳаво, кам шудани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ – об шудани пиряхҳо таъмин намудани мардуми сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз масоили мубрами рӯз табдил меёбад.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур саволу ҷавоб ва музокираронӣ доир гардид.
Тағоймурод Эшзода