Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии «Ҷавонон-пайравони Пешвои Миллат»

Ҷаласаи навбатии «Ҷавонон-пайравони Пешвои Миллат»

Санаи 1-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки дар он Зарнигор Раҷабзода, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат», Абдулло Давлатзода, роҳбари намояндагии ин ташкилот дар ДДМИТ ва дигар аъзоёни намояндагии ин ташкилот ширкат варзиданд. 
Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар давраи соли 2022 ва тасдиқи нақшаи кории намояндагии ташкилот барои соли 2023, ба ихтиёри дастгоҳи марказии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» пешниҳод намудани 6 нафар аъзои ин ташкилот аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва қабули аъзоёни нав ба сафи намояндагии ин ташкилот аз ҳисоби донишҷӯён ва савганд ёд намудани онҳо баррасӣ карда шуданд. 
Дар ҷаласа 22 нафар донишҷӯ, ки ҳамакнун ба узвияти намояндагии ташкилоти «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қабул шуданд, расман савганди садоқат ёд намуданд. Бояд дарҷ намуд, ки ташкилот дорои савганди худ буда, аъзоёни он зимни баргузории ҷаласаҳо расман савганд ёд карда, сипас ба фаъолият шуруъ менамоянд. 
Аз рӯи ҳама масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо ба котиботи намояндагии Ташкилот дар донишгоҳ дастурҳои мушаххас дода шуд. 
Дар қисмати ҷамъбастӣ 11 нафар донишҷӯи фаъоли муассиса, ки аъзоёни намояндагии Ташкилот дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошанд, барои фаъолияти самарабахшашон дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи ректори донишгоҳ ва 6 нафар донишҷӯ бо Ифтихорномаи раёсати корҳои тарбиявӣ сарфароз гардонида шуданд. 


Насимзода Толиб, донишҷӯи курси 4, факултети иктисод ва бизнес