Хабарҳо
Занон неруи созандаи ҷомеа
Санаи 2-юми марти соли равон бо ибтикори Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ таҳти унвони «Фариштагони фаршедаанд модарон» ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ доир гардид.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавшамо Қодирова кушода, аз манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷикон сухан гуфта, ҳадафи ҳамоиши мазкурро нишонаи олии арҷгузорӣ ба ин қишри ҷомеа донист.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалисозии он зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд ва боло бардоштани мавқеи занон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, мо – занонро, лозим аст, ки ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор бошем ва вазифаҳои худро сидқан иҷро намоем,- гуфт Қодирова Б.
Сипас Султонова Савсан, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзуи «Дастгирии иҷтимоии занон дар давраи истиқлолияти давлатӣ» баромад намуд. Ӯ дар бораи роҳандозии квотаи президентӣ барои духтарони деҳот, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор, ташкили курсҳои гуногун барои бонувону духтарони бекор ва дигар тадбирҳои давлатиро, ки барои дастгирии иҷтимоии борнувон нигаронида шудааст, такондиҳандаи фаъолияти пурсамари бонувон донист. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯзҳо ҳамаи он барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои барои беҳтарсозии шароити зисту зиндагии бонувону духтарон нигаронидашуда амалӣ гардида, натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодаанд. Бонувон тиҷорати худро кушода, дар фаъолият пешрав ва мустақил гардидаанд ва бо ин дар пешравии иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии аҳолӣ саҳми хешро мегузоранд.
Дар идома Хоҷахонова Гулҷаҳон, устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар мавзуи «Ташаккули сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд ва қайд кард, ки қабули як силсила Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки баҳри таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлатӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Нотиқ дар такя ба рақамҳои оморӣ болоравии мавқеи занонро дар ҷомеа гуфта гузашта, таъкид кард, ки дар айни замон аз ҳисоби занон хизматчиёни давлатӣ 25%-ро ташкил медиҳанд.
- Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки баробарии гендерӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми устуворро соҳиб аст ва ин раванд як қатор афзалиятҳоро ба бонувон фароҳам овардааст, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои занон, таъмини шароити сазовор барои таҳсил ва фаъолияти духтарону бонувон, ташаккули тафаккури озоди ҷамъиятӣ вобаста ба мавқеи занону мардон дар ҷомеа ва ба монанди ин мебошанд.
Дар идома Меҳрона Ҳакимова баромад карда, бузургии модарро бо як таронаи пурмуҳтаво тавсиф намуд, ки басо таъсирбахш буд.
Таҳмина Умаралиева, раиси шурои занону духтарони донишгоҳ ба духтарон муроҷиат карда, онҳоро барои донишандӯзӣ, худтакмилёбӣ, риояи одобу ахлоқи намунавӣ, эҳтиром намудани калонсолон даъват намуд.
Дар музокира Сироҷова Н. баромад карда, дар бораи манзалати Зан-Модар андешаҳои ҷолибу муассир иброз дошт.
Дар давоми ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯён қироати шеър дар васфи модар, иҷрои суруд ва рақс пешниҳод гардид, ки барои шинохти манзалати Зан-Модар мусоидат менамояд.
Машҳура Абдуллоева