Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шукӯҳи Рӯзи Модар

Шукӯҳи Рӯзи Модар

Ба ифтихори Рӯзи Модар санаи 7 март дар донишгоҳ чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, мавқеъ ва манзалати зани тоҷикро дар замони имрӯза аз ҳама боло донист. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки ин ид гувоҳ аз эҳтирому қадрдонии заҳмату ранҷҳои модарони азиз ва муҳаббату самимияту саодати зани тоҷик мебошад. Зеро нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахту солим, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. 
Мавсуф руҷуе ба таърихи пайдоиши ин ид намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. 
Таҷлили ин рӯз ифодаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарияти давлати мо ба шахсияти Зан-Модар ҳамчун офаридгори насли инсонӣ, тарбиятгари миллат, роҳнамои ҷомеа, нигоҳдорандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҷунбонандаи гаҳвораи тамаддуни инсонист, гуфт ректор. 
- Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ манзалати Зан-Модар боло рафта, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд. Боиси ифтихори мост, ки дар донишгоҳ низ аз ҳисоби бонувон омӯзгорону кормандон кору фаъолияти пурсамар доранд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Мо бо бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтихор дорем, гуфт Абдуалимзода Ҳ. зимни ҳамоиш. 
Ректор дар идома аз фаъолияти пурсамари бонувони донишгоҳ ёдрас шуд, ки шумораашон ба 245 нафар мерасад ва нақши онҳоро дар пешрафти таълимгоҳ ва болобурди таълиму тарбия муҳим арзёбӣ кард. 
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки беҳшавии нишондиҳандаҳо дар ҳамаи соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари занон вобаста аст ва ин гувоҳи он аст, ки дар мамлакати мо нақши модар дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ҷойгоҳи хосса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша нисбат ба модарони мунису ғамхор диққати махсус зоҳир менамояд. 
Дар идома бахшида ба Рӯзи Модар ба чанд нафар устодону кормандони фаъол, ба монанди профессор Қандиёрова Д.О., Абдураҳмонова М., Абдусатторзода С., Муҳаммадиева С., Бобошерзода Н., Халилова У., Латипова Г., Исайнова М., Ҳакимова М., Азизова С. барои фаъолияти пурсамар дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд. 
Ҳамзамон, ба 5 нафар донишҷӯдухтар барои иштирок дар курсҳои омӯзишии онлайнӣ дар Донишгоҳи менеҷменти Алма-атои Қазоқистон Сертификат супорида шуд. 
Дар охир аз ҷониби дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ, саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуи эҳтироми модар намоиш дода шуд, ки басо мутаассир ва маърифатбахш буд. 


Машҳура Абдуллоева