Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Чорабинии хайриявии «Амали нек» дар ДДМИТ

Чорабинии хайриявии «Амали нек» дар ДДМИТ

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар санаи 6-уми март ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои донишҷӯдухтарони ятими кул, ниятим маъюб ва модарони танҳо чорабинӣ фарҳангӣ доир намуд. 
Чорабиниро бо сухани табрикотӣ муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Бунафшамоҳ Қодирова кушода, бо самимияти беандоза дар бораи бузургии модар сухан ронда, аз қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои зани тоҷик аз қадим то замони мо ёдрас шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Рӯзи Модарро бо омад-омади баҳор ҷашн мегиранд ва ин ҳам ҳикмате дорад. Зеро зан-модар рамзи зебоӣ ва шукуфоӣ мебошанд. 
Сипас, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Амали нек» Амина Абдуллоева баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз манзалату ҷойгоҳи зан-модари тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа боло рафтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабулу амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. 
Аз тарафи кормандони ин ташкилот ба ҳама донишҷӯдухтарони ятими кул, нимятим, маъюб ва модарони танҳо тӯҳфаҳо тақдим карда шуда. 
Дар охир аз ҷониби ансамбли Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барномаи консертӣ иборат аз рақсу суруд манзури тамошобинон гардонида шуд, ки бозгӯи меҳру муҳаббат ва ҷойгоҳи баланди зан-модар буд ва бо касбияти баланд иҷро гардиданд. 


Тағоймурод Эшзода