Хабарҳо
Ободкориҳо дар арафаи Ҷашни Наврӯз
Бо мақсади ободу зебо гардонидани саҳни донишгоҳ, ҳифз намудани табиати зебо, тозаю озода нигоҳ доштани роҳравҳо, гулгашти майдонҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Мақсад аз гузаронидани ин чорабиниҳо, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи гузаргоҳҳои донишгоҳ низ мебошад. Дар рафти гузаронидани маъракаи навбатӣ бахшида ба Иди Наврӯз ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо нарм карда шуданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати хоҷагидории донишгоҳ Мирзошариф Мирзоолимов, дар рафти гузаронидани маъракаи мазкур гирду атрофи майдонҳо рӯбучин ва бехи ниҳолу буттаю дарахтон нарм карда шуданд. Танҳо дар санаи 9-уми марти соли равон аз тарафи кормандони бахши хоҷагидории донишгоҳ бехи 70 дарахти серена, 34 арча нарм карда шуда, ғизоҳои иловагӣ дода, ҳамчунин 4200 гули садбарг ва 2000 гули мавсимӣ шинонида шуданд.
Албатта, ҳар кас мехоҳад симои донишгоҳро дар ҳолати назаррабо ва дилкаш бинад. Ҳамин аст, ки кормандони ин бахш масъулияти бештареро ҳис мекунанд.
Ин ободкориҳо, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангу бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар донишҷӯйи донишгоҳ ва ба ин васила, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Наврузи Аҷам мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода