Хабарҳо
Вохӯрии судманд
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, санаи 10-уми марти соли равон ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ бо даъвати коршиноси соҳа, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшид, ки фарогири мавзуъҳои таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа буда, дар зимн масъалаи матраҳшаванда барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас А. Норасов суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҷалб намуд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки барои ҷоннок намудани мубориза бар зидди исрофкорӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаҷӯйӣ мебояд маърифати маънавии мардумро баланд бардошт, то ин ки сарфаҷӯйиро шиори худ қарор диҳанд ва аз паёмадҳои ногувори он эмин бимонанд.
Дар идома Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ суханронӣ намуда, назари худро перомуни мавзуъҳои фавқуззикр баён намуда, зимнан ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, меҳанпарастию ҳифзи муқаддасоти миллиро аз ҷумлаи омилҳои асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънидод кард.
Шунавандагон аз ин ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ ғизои маънавӣ гирифта, баргузории мунтазами онро судманд арзёбӣ намуданд.
Тағоймурод Эшзода