Хабарҳо
Баррасии муаммоҳои низоми бонкӣ
Дар доираи нақша – чорабиниҳои илмӣ санаи 11-уми марти соли 2023 бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир: муаммоҳои рушд ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои мубрами низоми бонкӣ, аз ҷумла устувории низоми бонкӣ дар шароити ҷахонишавӣ, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосири вертуалӣ, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии қарздихии бонкӣ ба рушди иқтисодӣ миллӣ, осебпазирии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити номувозинатии иқтисодиёт, масъалаҳои мубрами паст кардани сатҳи хавфҳои бонкӣ бо роҳи хизматрасониҳои муосири бонкӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар заминаи инфрасохтори воситаҳои инноватсионӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Дар кори конфронс ҷиҳати баррасии ҳаматарафаи муаммоҳои низоми бонкӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо мутахассисон аз бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ иштирок ва дар муҳокимаи масъала баромад намуданд. Ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни низоми бонкӣ д.и.и., профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шариф Раҳимзода дар мавзуи “Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо”, Саломзода Г.Ғ., муовини директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ дар мавзуи “Мубрамияти баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ дар замони муосир”, Мансуров Ш.М., мутахассиси шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии идораи низоми пардохти БМТ дар мавзуи “Рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар заминаи технологияи муосири вертуалӣ”, Усмонов Ғуфрон, докторанти (PhD) кафедраи молияи ДДМИТ дар мавзуи “Танзими қурби асъор ҳамчун омили фаъолгардонии иқтисодиёт” баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки низоми бонкӣ ҳамчун унсури таркибии инфрасохтори бозоргонӣ ҳангоми хизматрасонӣ дар муносибатҳои молию пулӣ нақши муҳим мебозад ва бо ин дар рушди устувори иқтисодии кишвар саҳми калон мегузорад. Сатҳи рушди низоми бонкӣ дар бештари маврид сатҳи рушди иқтисодиёти кишварро муайян мекунад. Аз ин мавқеъ дар илм ва амалияи муосири иқтисодӣ, ҷустуҷӯи амсилаҳои таъсирбахши стратегии рушди низоми бонкӣ муҳим мебошад.
Дар охир намояндагони бонкҳои Тоҷикистон аз бонки таълимӣ, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор дода шуд, дидан намуда, барои пайвастани назария бо амалия ба он баҳои баланд доданд.
С. Махшулов, дотсенти кафедраи кори бонкӣ