Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дарҳои кушод дар ДДМИТ

Рӯзи дарҳои кушод дар ДДМИТ

Аз 13 то 17 марти соли равон дар донишгоҳ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон «Рӯзи дарҳои кушод» доир мегардад. Имрӯз муҳассилин - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ба донишгоҳ омада, аз шарту шароити таҳсил шиносоӣ пайдо карданд. Хатмкунандагон бо ҳамаи шароитҳо, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, хобгоҳҳо, толорҳои варзишӣ ва ошхона дидан намуданд. Оид ба ҳар як ихтисос ба довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, садорати факултетҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷудбуда маълумоти лозима пешниҳод менамоянд. 
Қобили зикр аст, ки имрӯз донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳое мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад. 
Бояд қайд кард, ки тамоми факултетҳо барои муаррифӣ кардани донишгоҳ ва ихтисосҳои омоданамудаи худ дастоварду комёбиҳояшон дар самти илм ва инноватсия, таълим, тарбия ва варзиш ба маърази тамошои донишҷӯёни оянда гузоштанд. 
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод», ки муаррифгари ихтисосҳои роиҷи он аст, тақдим карда шуд. 
Рӯзи дарҳои кушод дар донишгоҳ то 17 март давом хоҳад ёфт.