Хабарҳо
Хушхабар: Содиқов М. рисолаи докторӣ ҳимоя кард!
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Содиқов Метархон Соқибекович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии донишгоҳ санаи 11 марти соли равон рисолаи докториашро дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Татбиқи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ташаккулёбии модели нави ҳамгироии иқтисодӣ (дар мисоли СҲШ)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.13-Иқтисодиёти ҷаҳон бо сари баланд ҳимоя кард.
Мушовири илмии мавсуф Саидмуродзода Л.Ҳ., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Мубрамии таҳқиқро он масъала муайян менамояд, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими муносибатҳои судманди иқтисодӣ байни кишварҳо иттиҳодияҳои байналмилалии минтақавӣ мебошанд. Яке аз чунин иттиҳодияҳои байналмилалии минтақавӣ имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои рушди равандҳои ҳамгироӣ талош мекунад, яке аз муассисони ин созмон маҳсуб меёбад. СҲШ ҳамчун як созмони кушоде, ки ба ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ нигаронида шудааст ва ҳамчун созмони модели нави ҳамгироии минтақавӣ метавонад ба рушди минбаъдаи минтақа ва вазъ дар тамоми ҷаҳон таъсири назаррас расонад. Дар ин ҳолат амалӣ гардидани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ташаккули модели нави ҳамгироии иқтисодӣ бевосита ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.
Бояд гуфт, ки таҳқиқоти мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллиф якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудааст.
Мо бо ин дастоварди ниҳоят бузург Содиқов Метархонро табрик намуда, барояш муваффақиятҳои аз ин ҳам баландтарро таманно дорем.
Муборак бошад!