Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳқиқоти навбатӣ оид ба рушди саноат

Таҳқиқоти навбатӣ оид ба рушди саноат

Боиси қаноатмандист, ки рӯз ба рӯз сафи омӯзгорони унвони илмидошта дар таълимгоҳ меафзояд. Ин навбат рӯзи 28 феврал Зокир Хушмуҳаммадзода, устоди кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-O17 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таҳия ва татбиқи усулҳои расмикунонии идоракунии низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии Саидмуродзода Л.Ҳ., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя кард. 
Ҳадафи таҳқиқоти диссертатсионӣ иборат аз таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои расмикунонии идоракунии низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Мо боварӣ дорем, ки натиҷаҳои бадастовардаи муҳаққиқ дар амалигардонии ҳадафи чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръат мусоидат хоҳад кард. 
Бо ин дастоварди бузург З.Хушмуҳаммадзодаро табрик намуда, барояш, комёбиҳои навинро таманно дорем.