Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷаласаи васеи шурои ҷавонон

Ҷаласаи васеи шурои ҷавонон

Санаи 13-уми марти соли 2023 бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нахустин ҷаласаи васеи шурои ҷавонони донишгоҳ доир гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода оид ба фаъолияти шуъба дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, ҳисоботи раисони созмонҳои ҷавонони факултетҳо ва зерсохторҳои онҳо оид ба фаъолият ва ҷоннок намудани масъалаи ҳуҷҷатгузории созмони ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Нахуст дар ҷаласа ҳисоботи Ҷовидон Халифазода оид ба фаъолияти шуъба дар соли сипаригардида ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ шунида шуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба роҳ мондааст. 
Шуъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар байни донишҷӯён ва кормандони ҷавони донишгоҳ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, он фаъолияти худро бевосита ва дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар сохторҳои дахлдор анҷом медиҳад. Ҳамчунин дар назди шуъба маҳфилҳои “Ҷавонони саодатманд”, “Пайравони Пешвои миллатем”, "Зодагони истиқлолем", «Ҷавондухтари ҳунарманд» амал мекунад, ки барои пайдо намудани ҷавонони боистеъдод, шунидани фикру мубоҳисаҳои онҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз ташкил карда шудааст. 
Дар музокира сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занон ва донишҷӯдухтарон Тахмина Умаралиева ва раиси созмони ҷавонони факултети иқтисод ва бизнес Толибҷон Насимзода баромад намуда, фаъолияти шуъба ва зерсохторҳои онро қаноатбахш қабул карданд. 
Аз рӯйи ҳама масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо ба котиботи ҷаласа дастурҳои мушаххас дода шуд. 


Тағоймурод Эшзода