Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории мусобиқаи волейбол

Баргузории мусобиқаи волейбол

Санаи 13-уми марти соли равон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ дар толори варзишии бинои 2-юми донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол миёни кормандон ва устодони донишгоҳ оғоз гардид. 
Бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз сохторҳои донишгоҳ иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби факултети иқтисод ва бизнес бо дастаи мунтахаби факултети техноголияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:0 ҳарифро мағлуб намуд. Ҳамзамон, дастаи мунтахаби факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо дастаи мунтахаби факултети молия ва қарз бо ҳам сабқат намуда, бо ҳисоби 2:0 ғолибиятро ба даст оварданд. 
Мақсади асосии баргузории мусобиқаи варзишӣ ин, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи бозиҳои миллии варзишӣ, оммавикунонии ин навъи варзиш дар байни ҷомеа ва дар ҳамин замина пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. 
Ғолибон дар ҷамъбасти мусобиқа муайян гардида, бо Ҷом ва Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд. 


Тағоймурод Эшзода