Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти донишҷӯйи ДДМИТ дар бокс

Ғолибияти донишҷӯйи ДДМИТ дар бокс

Аз 25-ум то 28-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон ва бонувон) баргузор гардид. Дар он миёни мардон Шаҳриёр Солиев, донишҷӯйи курси 1 ихтисоси иқтисодиёти молия ва бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ дар вазни 80 кг сазовори ҷойи сеюм ва аз ҷониби президенти Федератсияи миллии бокси Тоҷикистон Мирзоалӣ Комил Ҷумахон бо Диплом, медал ва мукофотпулӣ сарфароз гардид. 
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи бокси Тоҷикистон доир карда шуда, дар он тамоми варзишгарони тоҷик, аз ҷумла мардону бонувон иштирок намуданд. 
Мусобиқа бо мақсади интихоб намудани беҳтарин дастаи яккачин, беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ташкил карда шуда буд. 
Лозим ба ёдоварист, ки Шаҳриёр писари гӯштингири шинохта Фарҳод Солиев буда, тӯли 6 сол мешавад, ки таҳти роҳбарии Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Холиқов ба машқу тамрин машғул мебошад. 
Шаҳриёр имрӯзҳо ба мусобиқаи бокс миёни ҷавонон, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Шоҳигарии Таиланд баргузор мегардад, омодагӣ дида истодааст. Ӯ аз роҳбарияти ДДМИТ ва устоди варзиши донишгоҳ Собир Шокиров миннатдор аст. 
Ин муваффақияти аввали Шаҳриёр набуда, ӯ дар риштаи бокс дар мусобиқаҳои Ҷумҳурии Узбекистон мақоми аввал, дар Ҷумҳурии Қирғизистон сазовори ҷойи 2-юм ва 3 маротиба чемпиони ҷумҳурӣ гардидааст. 
Бароят дар оянда муваффақияту сарбаландӣ орзу менамоем, Шаҳриёр! 


Наврӯз Ҷобиров