Хабарҳо
Роҳҳои ташаккулёбии иқтисоди сабз дар Тоҷикистон
Чанде пеш бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ бо иштироки устодону донишҷӯён зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Иқтисоди сабзи Тоҷикистон: роҳҳои ташаккулёбӣ ва рушди оянда» баргузор гардид. Дар он декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ профессор Ҳ. Исайнов бо маъруза баромад намуд.
Нахуст декани факултети молия ва қарз А. Нурализода аз ҳамкориҳои илмию амалии судманди кафедраи фаъолияти биржавӣ бо ҳайати олимону донишмандон ёдовар шуд.
Сипас Ҳ. Исайнов қайд намуд, ки солҳои охир мафҳуми “иқтисоди сабз” ба яке аз масъалаҳои асосии тамоми кишварҳои олам табдил ёфтааст. Зеро ҳифзи муҳити зист ва шуғли пурмаҳсул шарти асосии замони муосир мебошад. Профессор, инчунин, афзуд, ки дар солҳои охир бештар мафҳумҳои “энергияи сабз”, “саноати сабз”, “бозори сабз”, “шуғли сабз” ва дигар мафҳумҳо бо ибораи “сабз” истифода бурда мешаванд. Ҳатто баъзе аз сарчашмаҳо дар хусуси навҷорисозӣ (инноватсия)-и сабз низ қайд мекунанд, ки зери ин мафҳум технологияи нав бо таъсири минималӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад.
Мафҳуми иқтисоди сабз чунин низоми иқтисодиеро дар бар мегирад, ки технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок бояд асоси рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.
Дар идома гуфта шуд, ки имрӯз “иқтисоди сабз” бояд на танҳо самаранок, балки аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ одилона бошад.
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода