Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Наврӯз - мероси фарҳангии тоҷикон

Наврӯз - мероси фарҳангии тоҷикон

Санаи 15 марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҷашни байналмилалии Наврӯз мероси фарҳангии тоҷикон” баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Мирзоева Е.Ш. ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну анъанаҳои мардумӣ эҳё гардиданд, ки ин омили баҳамоии мардуми тоҷик ва муаррифӣ намудани кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин ҷашнҳо ин Навруз ба шумор меравад. 
Баъдан Муллоҷонов А., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо туфайли ба даст омадани истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик тағйироти бузурги таърихӣ ба вуҷуд омад. Бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Созмони Милали Муттаҳид аз 23 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз шомил ба ҷашни байналхалқӣ гардид, ки бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш, бо ҳамаи шаклу моҳияти миллиаш дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир ҳам барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳам боиси ҷалби сайёҳони ҳориҷӣ ба кишвар гаштааст. 
Сипас, устоди кафедраи фанҳои гуманиторӣ Зарифов М. дар мавзуи «Ҷашни Навӯз омили ҷалби сайёҳон» баромад намуда, қайд кард, ки Наврӯз ҳар сол ба сарзамини тоҷикон орзуҳои нав меорад. Ин ҷашни қадимаи миллӣ бо мазмунҳои тоза ба тоза имрӯз боз ҳам ғанитар гардидааст. Ҷашни Наврӯз кайҳост, ки аз ҳудуди миллӣ берун рафта ва дар фарҳанги миллии халқҳои дигар пазируфта шудааст. Тавассути оинҳои наврӯзӣ эҳёи тасаввурот ва ҷаҳоншиносии ниёгонамон, ҳикмати зиндагонии онҳоро метавон қиёс кард. 
Ҳоло зиёда аз 28 кишвари дунё, аз ҷумла мардуми Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Туркия, Курдистон, бародарони ӯзбек, қазоқ, қирғиз, озарбойҷон, тотор, халқҳои Қафқоз ҳам мисли мо тоҷикон 21-22 март Наврӯзро бо тантана ҷашн мегиранд. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот сайругаштҳои дастаҷамъона, базмҳои шеъру суруд барпо мегардад, ки ин анъанаи наврӯзӣ сайёҳонро ба ваҷд меорад. 
Дар охир гуфта шуд, ки таҷлили наврӯз омили сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати тоҷик бо мардуми кулли сайёра гардида, барои ҷалби сайёҳон созгор аст. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб доир гардид.