Хабарҳо
Бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров
Санаи 15 марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ дар доираи нақшаи маҳфили умумидонишгоҳии “Чароғи маърифат” мизи мудаввар дар мавзуи “Бобоҷон Ғафуров-бузургмарде аз табори хирад, андеша, илм ва сиёсат” баргузор гардид. Маҳфили мазкурро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватия Мирзоева Е.Ш. ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва роҳандозии икдоми накуи Пешвои миллат дар мавриди баргузор намудани озмуни «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» аз ҷониби аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону устодон,олимону донишмандон ҳамовозии зиёд пайдо намуд. Зеро ин озмун чеҳраҳои нави таърихдону таърихшиносро муаррифӣ намуда, барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон мадад хоҳад расонд.
Баъдан роҳбари маҳфили «Чароғи маърифат» Муллоҷонов А. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор мебошад. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик манбаи гаронбаҳоест ва он ҳамчун шиносномаи ин миллат эътироф гардидааст.
Сипас дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳомидова Қ. баромад намуда, қайд кард, ки танҳо баъди нашру пахши шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” таҳқиқотҳои дигари мукаммалу бунёдӣ, аз ҷумла китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” рӯйи кор омаданд. Муҳимтар аз ҳама, муаррихони варзида бар ин назаранд, ки дар ҳама ҳолат, агар аз баъзе ҷузъиёти таърихӣ, аз ҷумла ҳаводиси то кунун номаълум, ки дар асоси маъхазҳои нав дастраси муҳаққиқон мегардад, ё баъзе тағйироти фикрӣ дар робита бо масоили таърихӣ сарфи назар кунем, дастовардҳои кунунӣ ва оянда танҳо тақвиятбахши дидгоҳи боэътимоди илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар самти омӯзиши таърихи минтақа буда метавонанд
Тақдими ройгони китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Роҳбарияти олии давлат ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ маънои қадршиносӣ ва эҳтиром ба миллат ва шахсиятҳои бузурги миллӣ дар мисоли аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, гуфт дар охир баромадкунанда.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ДДМИТ низ даври аввали озмуни «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид ва 7 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.